- гардонидан
- [گرداندن // گردانيدن]тарзи бавоситаи гардидан1. чарх занондан, давр занондан, гардиш додан, ба ҳаракат овардан2. тофтан, ба тарафи дигар хамондан, каҷ кардан3. табдил додан; мубаддал сохтан, аз ҳоле ба ҳоле бадал кардан4. ақиб партофтан, зада ақиб андохтан, дур кардан, рондан5. бозовардан, пас овардан, баргардонидан6. рад кардан; пас фиристодан7. қат кардан, тоб додан8. чаппа кардан9. пиёларо пур аз чой карда, баргашта ба чойник рехтан: гардон-гардон кардан: чойро гардондан10. ҳамчун феъли ёридиҳанда дар феълҳои таркибии номӣ ба маънои кардан, намудан меояд: душман гардондан, дӯст гардондан, танг гардонидан, гардондан аз чизе боздоштан аз чизе; тағйир додани роҳи ҳаракати чизе; варақ гардондан варақ задан; дами чизеро гардондан суръати ҳаракати чизеро паст кардан; суст кардани шиддати чизе; заминро гардондан замини киштро рӯгардон (побел) кардан; шудгор кардан; раъйи касеро гардондан фикри касеро тағйир додан; рӯй гардондан аз касе ё чизе а) ба тарафи дигар гаштан; рӯй тофтан аз касе ё чизе; б) даст кашидан, сарфи назар кардан аз касе ё чизе; рӯй гардондан ба касе ё чизе ба касе ё чизе нигоҳ кардан, ба тарафи касе ё чизе нигаристан, рӯ овардан; тасбеҳ гардондан д. донаҳои тасбеҳро дар ришта ангушт зада, зикри Худо карда («субҳоналлоҳ»), паси ҳам гузаронидан; аз роҳ гардондан ба рафтани касе монеъ шудан; аз рафтан боздоштан касеро; аз роҳи рафта пас овардан касеро
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.